Ключевые слова и словосочетания




Download 3,62 Mb.
Pdf ko'rish
bet43/219
Sana19.01.2024
Hajmi3,62 Mb.
#140785
1   ...   39   40   41   42   43   44   45   46   ...   219
Ключевые слова и словосочетания: брат, дорогой брат, слущаю, 
фразеологическая единица. разговорный язык, средства выражения, 
ситуативный разговор, паралингвистические действия.
Тадқику омӯзиши паҳлӯҳои мухталифи лаҳҷаҳои тоҷикӣ дер боз диққати 
олимони забоншиноси чи тоҷик ва чи хориҷро ба худ ҷалб карда меояд. 
Натиҷаи ин суботкорист, ки як қатор асарҳои илмӣ интишор гардиданд. 
Бовуҷуди ин тадқиқотҳо бархе аз паҳлӯҳои нутқи лаҳҷавӣ берун аз доираи 
омӯзиш мондаанд, ки таҳқиқу тадқиқи амиқро тақозо дорад. Аз ин боис, мо 
лозим донистем, ки оид ба баъзе хусусиятҳои хоси нутқи гуфтугӯии лаҳҷаи 
тоҷикони Самарқанд таваққуф кунем.  
Ҷараёни нутқ дар лаҳча нисбат ба забони адабӣ озодтар амал мекунад. 
Дар он назокату фасоҳати ҳусни сухани лаҳчавӣ сода, вале ҳамон андоза 
зебову муассир ва образнок ифода меёбад ва робитаи мустаҳками тафаккуру 
нутқ дар каломи лаҳчавӣ барҷаста, ҷолиб, равшан ва возеҳ падид меояд. 
Мусоҳиб мувофиқи вазъият ва матлаб дар мавриди муошират воситаҳои нутқ 
(вожа, воҳидҳои фразеологӣ, зарбулмасалу мақолҳо ва амалу ҳаракатҳои 
паралингвистӣ)-ро барои ифодаи воқеияти фикр озодона, дар ҳар ранг қобили 
истифода қарор медиҳад.
Ин ҷараён бевосита ба нутқи гуфтугӯии тоҷикони Самарқанд низ 
мансубият дорад. Нутқи гуфтугӯии тоҷикони Самарқанд бо махсусияту 
мушаххасоти лаҳҷавӣ аз нутқи лаҳҷавии манотиқи дигар як андоза тафовут 
дорад. Аз ин боис, барои равшану возеҳ ифода намудани ин мушаххасот 
паҳлӯҳои мухталифи нутқи муколамавии тоҷикони Самарқандро бояд аз 
дидгоҳи тадқиқ баррасӣ намуд.
Нутқи гуфтугӯии тоҷикони Самарқанд ҳарчанд табиати умумӣ дорад, 
аммо тибқи муносибати мусоҳиб сурат мегирад ва ин ҷараёни гуфтор бевосита 
бо рафтори мушаххаси вазъӣ комилан баррасӣ мегардад. Дар ин маврид 
муносибатҳои гуфтугӯӣ тавассути воситаҳои дастгоҳи маводи муошират, яъне 
вожа, ибора, ҷумла, ифодаҳои рехта (воҳидҳои фразеологй, зарбулмасал ва 
мақолҳо) ва амалу ҳолатҳои паралингвистӣ арзёб мегарданд. Тибқи хосияти 
муносибатҳои гуфтугӯӣ дар аксарият маврид воситаҳои гуфтор аз доираи 
ифодаҳои муқаррарӣ берун омада, воқеатан тобиши маъноӣ зуҳур мекунанд ва 
филфавр, бархӯрди мавриди такаллум мешаванд, ки матлаби асосии мусоҳиб 


Tilshunoslikdagi zamonaviy yo

nalishlar: muammo va yechimlar
80 
ҳам дар ҳамин аст. Ў (яъне мусоҳиб) дар ҷараёни нутқ кӯшиш мекунад, ки 
суханаш мутаассир, ҷозиб ва нишонрас барояд.
Нутқи гуфтугӯии тоҷикони Самарқанд низ аз воситаҳои дастгоҳи 
муошират сероб буда, фаровон истифода бурда мешавад. Азбаски доираи 
воситаҳои нутқи лаҳҷавӣ нисбатан фарох аст, мо лозим донистем, ки иҷмолан, 
танҳо роҷеъ ба тобишҳои маъноии баъзе вожа ва воҳидҳои фразеологӣ 
таваққуф намоем.
Зуҳури тобишҳои маъноӣ дар нутқи гуфтугӯии тоҷикони Самарқанд дар 
вазъиятҳои мухталиф бо истифодаи калимаҳои “ака”, “акаҷон», “ҳоким- бобо”, 
”раисбобо”, ”ойтимулло”, ”муллоака”, воҳидҳои фразеологии “балота гирам”, 
”дардата гирам”, ”таги почетба сар монам” ва ғайра, ки дар ҷараёни нутқ 
бевосита бо ҳаракатҳои паралингвистӣ сурат мегиранд, қобили истифода 
қарор доранд. Дар ин маврид мусоҳиб бевосита аз воситаҳои муоширати нутқи 
лаҳҷавӣ ва амалу ҳаракатҳои паралингвистӣ (дасти чапро ба рўи сина 
гузаштан, андаке ҳам шудан, лабханди сохта кардан ва ғайра) истифода бурда, 
матлаби хешро баён мекунад. Ин ҷараён бевосита ба дараҷаю вазъияти воқеии 
мусоҳиб созгор меояд. Дар ин хусус, олими шинохтаи тоҷик, профессор Ҳ. 
Маҷидов чунин иброз дошта буд:” фразеологизмҳо зимни ифодаи мафҳумҳои 
мухталифи 
ҳаётӣ 
тобишҳои 
гуногуни 
ҳиссиву 
экспрессивӣ, 
характеристикаҳои мусбат ва ё манфӣ, оҳангҳои мутантану лутф ва ё 
дуруштию бетакаллуфро фаро мегиранд”. Чунончи: 

Download 3,62 Mb.
1   ...   39   40   41   42   43   44   45   46   ...   219




Download 3,62 Mb.
Pdf ko'rish

Bosh sahifa
Aloqalar

    Bosh sahifa



Ключевые слова и словосочетания

Download 3,62 Mb.
Pdf ko'rish